Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии Хатлон мегӯяд, маҳбусонеро, ки дар зиндони Қӯрғонтеппа даст ба гуруснанишинӣ зада буданд, ба қатъи ин амал моил кардааст.

Файзулло Холов, маъмури Додситонии назорати иҷрои қонунҳо дар маҳбасхонаҳои вилояти Хатлон, дар сӯҳбат ба “Озодӣ” гуфт, ахиран ду маҳбусе, ки ба нишони эътироз аз шиканҷаю нақзи ҳуқуқашон дар зиндони Қӯрғонтеппа гуруснанишинӣ эълон карда буданд, забонхат навишта, ба истеъмоли ғизо оғоз кардаанд.

Додситон мегӯяд, маъмурияти зиндон бархе аз шартҳои маҳбусони норозиро пазируфта, барои беҳсозии вазъи нигаҳдории онҳо мусоидат кардааст. Аз ҷумла, ба маҳбусон иҷоза дода шудааст, ки аз батареяҳои гармидиҳии равғанӣ дар камераҳои худ истифода кунанд. Ҳамчунин барои маҳбусон шунидани радио дар вақту соати муайян иҷоза шудааст.

Файзулло Холов

Файзулло Холов

Аммо Файзулло Холов гуфт, бархе аз талаби маҳбусон аз чаҳорчӯби қонун берун ва ғайри қобили пазириш будаанд. Ба гуфтаи ӯ, “онҳо телевизор мехоҳанд, ки мумкин нест. Талаби дигарашон ин буд, ки маъмурияти маҳбас бояд қулфи дари камераҳояшонро кушода монад, то онҳо бемушкил гаштугузор карда тавонанд дар маҳбас, дар роҳравҳо. Ин чизро иҷозат додан ғайриимкон ва мутобиқи қонун манъ аст.”

Хабари қатъи гуруснанишинии маҳбусони муассисаи ислоҳии низомаш махсуси шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳолест, ки пайвандони маҳбусон ба рафъи қонуншиканиҳо ва беҳсозии вазъи нигоҳбонӣ дар маҳбас бо назари шубҳа менигаранд.

Хонуме, ки яке аз пайвандонаш феълан дар ин зиндон ба сар мебараду дар бораи гуруснанишинии чанде аз маҳбусон хабардор аст, бо шарти зикр нашудани номаш гуфт: “бевосита ба дохили маҳбас рафта, ҳоли ин зиндониҳоро дидан лозим аст. Шояд зери шиканҷаю латукӯби бисёр онҳоро ба навиштани забонхат маҷбур кардаанд. Аз куҷо медонед шумо?!”

Аммо иҷозаи вуруд ба зиндон ва шиносоӣ бо вазъи нигаҳдории маҳбусон барои намояндагони расонаҳои хабарӣ дода намешавад. Маъмурияти маҳбас мегӯяд, ки ин кор танҳо дар сурати иҷозаи расмӣ ва хаттии Вазорати адлияи Тоҷикистон имконпазир хоҳад шуд, ки ба даст овардани ҷунин иҷозатнома кори осоне нест.

Яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе, ки тобистони имсол гурӯҳе аз хабарнигорон аз огн ҷо боздид карданд...

Яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе, ки тобистони имсол гурӯҳе аз хабарнигорон аз огн ҷо боздид карданд...

Бо ин ҳол, ҳамсӯҳбати мо гуфт, гурӯҳе аз ақрабо ва волидони маҳбусони зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа ба унвони додситони кулли кишвар номаи шикоятӣ навишта, хостори ҳифзи ҳуқуқи пайвандонашон дар зиндон шудаанд.

Ба гуфтаи маҳбусе, ки қаблан аз зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа бо Радиои Озодӣ дар тамос шуда буд, чанде аз маҳбусон сар аз якуми декабр гуруснанишинӣ эълон карда буданд. Маҳбусон иддао доштанд, ки шабакаи гармидиҳӣ дар ин муассисаи ислоҳӣ аслан кор накарда, онҳо дар чордевори ниҳоят сарди бетонӣ, дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳдорӣ мешаванд.

Ҳамчунин ба иддаои маҳбусон, дар ҷараёни татбиқи қонуни афв нисбат ба маҳбусони ин муассисаи ислоҳӣ ришвату фасод ҷой доштааст. Ба унвони мисол аз маҳбус Рустам Саймуродов ном бурда мешавад, ки гӯиё барои коҳиш додани мӯҳлати маҳрумияташ аз озодӣ аз ӯ 1 ҳазору 500 доллари амрикоӣ талаб кардаанд. Аммо дар ниҳоят қонуни афв нисбати Саймуродов татбиқ нагардида, ӯро мавриди латукӯб қарор дода, ба ҷонаш таҳдид кардаанд.

Додситон Файзулло Холов дар ин робита гуфт, далели талаби 1 ҳазору 500 доллар ришва аз маҳбус қисман тасдиқ шуда, ҳоло таҳқиқи ин ҳодиса ҷараён дорад: “Ин "муомила" дар шаҳри Душанбе шудааст ва то он замон, ки ҳамаи ҷонибҳои қазияро бозпурсӣ намоем, он одамро наёбем, шарҳ дода наметавонам. Вай ҳамин ҳолатро қонунан дар идораи нотариалӣ ҳуҷҷат кардааст, ки дар ҳақиқат 1 ҳазору 500 доллари амрикоиро гирифтааст аз падари маҳбус, аммо ба сифати қарз. “Қарз гуфта гирифтааст, на пора…”

Муассисаи ислоҳии ЯТ9/7-и шаҳри Қӯрғонтеппа маҳбаси низомаш шадидтарин дар қаламрави Тоҷикистон маҳсуб гардида, дар он танҳо афроде, ки дар ҷиноятҳои махсусан сангин муттаҳам дониста шуда, барои беш аз 15 сол аз озодӣ маҳрум мегарданд, нигоҳдорӣ мешаванд. Дар ин маҳбас асосан ҷинояткорони ретсидивист, онҳое, ки ба қатли инсонҳо, пайравӣ аз гурӯҳу созмонҳои ифротгаро, аз ҷумла аъзои гурӯҳи сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев муттаҳам мешаванд, ба сар мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG