Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷтабо Миртаҳмасиб маҳбаси Эвинро тарк намуд


Теҳрон як филмсози эрониро, ки барои бахши форсии телевизиони Би-Би-Си кор мекард, аз маҳбас раҳо намуд.

Сомонаҳои интернетии мухолифин мегӯянд, ки Муҷтабо Миртаҳмосб рӯзи якшанбе маҳбаси Эвин, воқеъ дар шимоли Теҳронро, тарк намуд. Ӯ моҳи сентябр барои ба Би-Би-Си фиристодани як филми мустанад бо интиқоди раҳбарони Эрон боздошт шуда буд. Раҳоии филмсозро хабаргузории ISNА ҳам тайид кард.

Бахши форсии телевизиони Би-Би-Си дар Эрон мамнӯъ эълон шудааст ва аммо эрониҳо метавонанд барномаҳои онро аз тариқи моҳвора тамошо кунанд. Ҳукумати Эрон хабарнигорони Би-Би-Сиро дар нашри барномаҳои зиддиинқилобӣ айбор мехонад ва ба хабарнигорону филмсозони эронӣ ҳамкорӣ бо ин шабакаро манъ кардааст.
XS
SM
MD
LG