Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи рассоми тоҷик дар озмуни байнулмилалӣ


Барои ин карикатура Фаррух Аҳроров ҷоизаи дуввуми озмунро соҳиб шуд

Барои ин карикатура Фаррух Аҳроров ҷоизаи дуввуми озмунро соҳиб шуд

Рассоми тоҷик Фаррух Аҳроров дар бахши “Демократия”-и озмуни байнулмилалии карикатура ё тасвирҳои танзомез мақоми дуввумро соҳиб шуд. Ин озмун бо ибтикори Маркази байнулмилалии соҳибкории инфиродӣ Center for International Private Enterprise (CIPE),мақараш дар Вошингтон, баргузор шуд.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, рассомони касбӣ аз 73 кишвари олам барои онҳо беш аз ҳазор офаридаи худро фиристоданд. Аз миёни онҳо 30 карикатура - даҳ тасвирӣ дар бахшҳои “Демократия”, “Фасод” “Баробарии ҷинсӣ” ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Нӯҳ ғолиби озмун аз тариқи раъйдиҳӣ дар саҳифаи интернетии CIPE баргузида шуданд.

Дар бахши “Демократия” ҷойи аввал насиби Тайфун Ҳидоятуллоҳ аз Индонезӣ гардид. Мақоми саввумро Ҷорҷ Матей аз Руминия ишғол кард.

Зимнан, Фаррух Аҳроров ягона рассом аз қаламрави шӯравии собиқ аст, ки соҳиби ҷоизаи ин озмуни байнулмилалӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG