Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини тақаллуб дар интихобот боз гирди ҳам меоянд


Мухолифини Русия аз шаҳрдории Маскав хостори иҷоза барои баргузории гирдиҳамоии нав алайҳи тақаллубу қонуншиканӣ дар интихоботи Думаи давлатӣ шуданд.

Надежда Митюшина, намояндаи ҷунбиши “Ҳамраъйӣ”хабар дод, ки қарор аст ин намоиши эътирозӣ рӯзи 24 декабр доир шавад. Ва аммо ӯ аз мушаххас кардани макони баргузории гирдиҳамоӣ худдорӣ намуд, то ки шаҳрдорӣ созмондиҳандагонро дар даъват ба намоиши ҳанӯз ҳамоҳангнашуда айбдор накунанд.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки мухолифин мехоҳанд ҳамоиши нав бо ширкати 50 ҳазор нафарро дар майдони Манеж ва хиёбони Сахаров доир кунанд. Созмондиҳандагони намоиши эътирозӣ интихоботи такрорӣ ба Думаи давлатӣ, сабти номи озоди аҳзоби сиёсӣ ва аз зиндонҳо раҳо кардани маҳбусони сиёсиро талаб доранд.

Дар гирдиҳамоии эътирозии қаблӣ дар майдони Болотнаяи Маскав беш аз 40 ҳазор нафар ширкат доштанд. Намоишҳои эътирозӣ алайҳи тақаллуб дар интихобот дар чандин шаҳри дигари Русия ҳам баргузор шуданд.
XS
SM
MD
LG