Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи маҳаллӣ дар пасманзари хушунатҳо дар Сурия


Дар Сурия, бо вуҷуди идомаи хушунат, имрӯз интихоботи мақомоти маҳаллӣ мегузарад. Ба иттилои расмӣ, барои дарёфти беш аз 17 ҳазор ҷой дар маҷлисҳои маҳаллӣ тақрибан 43 ҳазор номзад вориди сабқат шудаанд.

Дар вилояти Ҳомс, воқеъ дар маркази Сурия, ва манотиқи ҳаммарз бо Туркияву Урдун задухӯрди нерӯҳои ҳукуматӣ бо мухолифини раисиҷумҳур Башор Асад идома дорад. Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ки баъзе аз манозили зист дар вилоятҳои Ҳомс ва Идлиб тирборон шудаанд.

Ба иттилои СММ, аз оғози намоишҳои оммавӣ бо талаби истеъфои Башор Асад дар моҳи март беш аз 4 ҳазор суриягиҳо ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG