Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гелонӣ: Миёни Покистону ИМА беэътимодӣ мавҷуд аст


Пойгоҳи Шамсӣ таҳти назорати нерӯҳои Покистон қарор гирифт

Пойгоҳи Шамсӣ таҳти назорати нерӯҳои Покистон қарор гирифт

Мақомоти Покистон хабар доданд, ки нерӯҳои амрикоӣ пойгоҳи ҳавоии Шамсӣ, воқеъ дар вилояти Балуҷистонро, тарк намуданд. Исломобод ба нишони эътироз аз зарбаи ҳавоии НАТО, ки бар асари он дар марз бо Афғонистон 24 сарбози покистонӣ ба ҳалокат расиданд, аз Амрико талаб намуд то ин пойгоҳро холӣ кунад.

НАТО барои ҳалокати сарбозон аз Покистон маъзарат хост, ИМА ин ҳодисаро фоҷиа номид. Бо вуҷуди ин равобити Вошингтону Исломобод сардтар шуд. Нахуствазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ дар сӯҳбат бо телевизиони Би-Би-Си иқрор кард, ки "бале, миёни ду кишвар ҳанӯз беэътимодӣ мавҷуд аст. Мо ҳамкорӣ мекунем ва аммо чун пештара ба ҳамдигар он қадар бовар надорем. Ман беҳтар кардани муносибатҳоро зарур мешуморам ва аммо барои ин бояд эътимод ба ҳамдигарро эҳё кард".

Ҷаноби Гелонӣ дар ин сӯҳбат ҳамчунин гуфт, ки Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон, шояд боз ду ҳафтаи дигар барои муоҷила дар Дубай бимонад.

Баъди барои муолиҷаи маризии дил ба Дубай рафтани Зардорӣ дар бораи эҳтимоли раёсати Покистонро тарк намудани ӯ сару садоҳо пахш шуданд. Чанд рӯз пеш хабар дода шуда буд, ки табобат анҷом ёфтааст ва дар наздиктарин фурсат раисиҷумҳур ба Исломобод бармегардад.
XS
SM
MD
LG