Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш бозии дигар. То анҷоми сабқати Лигаи олии Тоҷикистон


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими ”Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби бузурги 8:0 ғалаба кард.

Ин бозии мавқуфмондаи даври 34-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи 11-уми декабр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Мизбонон дар нимаи аввали бозӣ се гол ва дар нимаи дуюм панҷ гол заданд. Юсуф Рабиев (дақиқаҳои 22-юм, 47-ум, 84-ум) ва Фарҳод Тоҳиров (дақиқаҳои 45-ум, 59-ум, 90-ум) сеголӣ, нимҳимоятгар Иброҳим Рабимов ду гол (дақиқаҳои 34-ум, 64-ум) ба ҳадаф расонданд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар бозии мавқуфмондаи даври 35-уми мусобиқот дар варзишгоҳи “Политехникум”-и Душанбе бар тими мизбон – ССКА “Помир” бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард.

Ҷамшед Исмоилов ду гол (дақиқаҳои 2-юм ва 47-ум), Аҳтам Ҳамроқулов (дақиқаи 27-ум) ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (дақиқаи 84-ум) якголӣ заданд. Як голи мизбононро Леонид Романов (дақиқаи 54-ум) ба самар расонд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот “Истиқлол” бо 93 имтиёз ва панҷ бозии мавқуфмонда дар ҷои аввал қарор дорад. “Регар-ТадАЗ” бо 92 имтиёз ва ду бозии боқимонда дар ҷои дуюм мебошад. “Равшан”, ки бо 89 имтиёз сеюм аст, боз ду бозӣ анҷом хоҳад дод.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо 29 гол дар ҷои аввал мебошад. Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) бо 26 гол дар ҷои дуюм аст. Комил Саидов (ССКА “Помир”) бо 21 гол дар ҷои сеюм қарор дорад. Инчунин Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) 20-голӣ, Габриэл Донто (”Энергетик”) 19 гол ва Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 17 гол ба самар расондаанд.

Бояд тазаккур дод, ки шаш даста бозиҳои мусобиқоти имсоларо ба анҷом расонд. Панҷ дастаи дигар аз 1 то 5 бозии мавқуфмонда дорад. Мавқеи дастаҳое, ки дар ҷадвали мусобиқот дар ҷойҳои аз 4-ум то охирин – 11-ум қарор доранд, сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои боқимонда тағйир намеёбад.

Барои унвони қаҳрамонӣ дастаи “Истиқлол” муддаии аслӣ мебошад. Ин даста дар мавриди пирӯзӣ дар ду бозии мавқуфмонда бо тимҳои “Гвардия” ва “Энергетик” новобаста аз натоиҷи се бозии охиринаш бо “Равшан” (ду бозӣ) ва “Регар-ТадАЗ”, пешакӣ соҳиби медалҳои тилло ва унвони қаҳрамони Тоҷикистон хоҳад шуд.

Дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан”, ки ҳадди ақал бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мешаванд, барои дарёфти медалҳои нуқра талош хоҳанд кард. Барандаи ҷои дуюм аз натоиҷи бозиҳои ҳарду даста бо “Истиқлол” бастагӣ дорад.

Ҳамин тариқ, то анҷоми мусобиқот ҳамагӣ 6 бозии дигар мондааст.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқот:

Даври 34-ум. 14 декабр (чоршанбе)
«Энергетик» - «Регар-ТадАЗ»

Даври 35-ум. 14 декабр (чоршанбе)
«Гвардия» - «Истиқлол»

Даври 24-ум. 18 декабр (якшанбе)
«Истиқлол» - «Энергетик»

Даври 40-ум. 21 декабр (чоршанбе)
«Равшан» - «Истиқлол»

Даври 29-ум. 24 декабр (шанбе)
«Истиқлол» - «Равшан»

Даври 25-ум. 28 декабр (чоршанбе)
«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ»

Оғози бозиҳо – соати 13.00

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

"Истиқлол"

35

30

3

2

112-15

93

2.

"Регар-ТадАЗ"

38

29

5

4

107-26

92

3.

"Равшан"

38

29

2

7

78-31

89

4.

"Энергетик”

38

21

3

14

77-61

66

5.

"Хайр"

40

17

3

20

61-59

54

6.

ССКА "Помир"

40

16

4

20

65-69

52

7.

"Хуҷанд"

40

15

6

19

56-72

51

8.

"Вахш"

40

15

5

20

43-51

50

9.

"Парвоз"

40

12

4

24

45-76

40

10.

"Шодмон"

40

7

2

31

44-115

23

11.

"Гвардия"

39

3

3

33

32-145

12

XS
SM
MD
LG