Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Артиши Покистон мегӯяд, ки нерӯҳои амрикоӣ пойгоҳи ҳавоии "Шамсӣ" дар ин кишварро холӣ кардаанд.

Ин иқдом тибқи хостаи ҳукумати Покистон ва дар аксуламал ба ҳамлаи ду ҳафта пеши нерӯҳои НАТО дар он кишвар сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад нерӯҳои амрикоӣ пойгоҳи "Шамсӣ"-ро дар вилояти Балуҷистони Покистон, барои анҷоми ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинон бар алайҳи Толибон ва Ал-Қоида дар минтақаҳои сарҳадии миёни Афғонистон ва Покистон истифода мекарданд.

Исломобод баъда аз ҳамлаи моҳи ноябри нерӯҳои НАТО дар хоки Покистон, ки бар асари он 24 сарбози покистонӣ кушта шуд, аз Амрико хост то ин пойгоҳро холӣ намояд. Ҳукумати Покистон ҳамчунин интиқоли маводи икмолотии нерӯҳои НАТО аз тариқи қаламрави худро қатъ кард.

Дар ҳамин ҳол, Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон гуфтааст, ки роҳҳо барои чанд ҳафтаи дигар ба рӯи корвонҳои НАТО баста мемонад, агарчӣ ин паймон барои ҳамла бахшиш пурсидааст ва Амрико ҳам марги сарбозонро як фоҷиа хондааст.

Пойгоҳи Шамсӣ воқеъ дар вилояти Балуҷистони Покистон соли 1992 ба ҳокимони Аморати Муттаҳидаи Арабӣ дода шуда буд то аз он барои шикор истифода кунанд. Дар 20-уми октябри соли 2001, Аморати Муттаҳидаи Араб ин пойгоҳро барои ҳамоҳангсозии амалиётҳои муштарак алайҳи Толибон ва Ал-Қоида дар манотиқи қабиланишини Покистон, дар ихтиёри ИМА вогузор кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG