Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози сафари серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон


Имрӯз боздиди серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Олмон оғоз меёбад. Интизор меравад, дар ҷараёни сафараш Эмомалӣ Раҳмон бо Ангела Меркел, садри аъзам ва Кристиан Вулф, раиси ҷумҳури Олмон дидору гуфтугӯ кунад. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо тоҷирону соҳибкорони Олмон аз онҳо даъват хоҳад кард, дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Қарор аст, дар ҷараёни сафар чанд санади ҳамкорӣ низ имзо шавад. Олмон аз соли 2002 то кунун дар ҳаҷми бештар аз 120 миллион евро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва аз ҷумла як истгоҳи муҳими нерӯгоҳи барқи обии Норак бо 25 миллион евро сармояи як бонки олмонӣ тармим мешавад.
XS
SM
MD
LG