Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди нахуствазири Ироқ аз Амрико шурӯъ шуд


Дар остонаи ихроҷи комили нерӯҳои амрикоӣ аз кишвараш имрӯз боздиди дурӯзаи Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, аз Амрико шурӯъ мешавад. Нерӯҳои амрикоӣ бояд то охири ҳамин моҳ хоки Ироқро тарк кунанд. Қарор аст, Моликӣ бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, Ҷо Байден, муовини ӯ, Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷӣ доир ба масоили васеъи ҳамкориҳо гуфтӯгу кунад. Алӣ Мӯсавӣ, мушовири матбуотии нахуствазири Ироқ гуфтааст, “ин сафар марҳилаи наверо дар ҳамкориҳои Бағдоду Вашингтон боз хоҳад кард”. Нурӣ ал-Моликиро дар ин сафар, ҳайъати бузурги вазирон аз ҷумла Ҳушёр Зибарӣ, вазири умури хориҷӣ, Саъдун ал-Дулаймӣ, кафили вазири дифоъ ҳамроҳӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG