Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Итолиё коршикании саросарӣ баргузор мешавад


Иттиҳодияҳои коргарии Итолиё мегӯянд, аз раъйи худ нагаштаанд ва имрӯз коршиканӣ хоҳанд кард. Ин созмонҳо мухолифи ислоҳот дар низоми бознишастагии Итолиё ҳастанд, ки нахуствазир Марио Монтӣ, ба хотири эмин нигаҳ доштани кишвараш аз бӯҳрони молӣ мехоҳад, анҷом диҳад. Марио Монтӣ дар талоше барои ҷилавгирӣ аз коршиканӣ рӯзи шанбе бо раҳбарони иттиҳодияҳои коргарӣ мулоқот кард. Аммо ваъдаҳои Марио Монтӣ барои расидагӣ ба талаби онҳо, иттиҳодияҳои коргариро қонеъ накардааст, ки гуфтаанд, коршиканӣ хоҳанд кард. Нахуствазири Итолиё мехоҳад, ба хотири коҳиши қарзи хориҷӣ ва харҷҳои давлатӣ, ҳаққи нафақаро коҳиш дода, молиётҳои мухталиф дар Итолиёро боло барад.
XS
SM
MD
LG