Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қурбониёни инфиҷори рӯзи Ошуро 80 нафар будаанд


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, шумораи қурбониёни бамгузории аввали ҳафтаи ҷорӣ дар назди масҷиди шиаҳо дар Кобул бештар аз он аст, ки қаблан роҷеъ ба он гузориш дода буданд. Карзай имрӯз зимни суханони телевизиониаш гуфт, вай ҳоло дар бораи ин ҳамлаҳо маълумоти тозатаре дар даст дорад:

“Муттаассифона инфиҷорҳое, ки дар ҷараёни баргузории иди Ошӯро рух дод, қурбониёни он тибқи рақаме, ки ин субҳ ман дар ба даст овардам, 80 нафар будааст”.

Дар гузоришҳои қаблӣ ин рақам 59 нафарро нишон медод. Вале рӯшан нест, ки ин 80 нафар фақат дар Кобул кушта шудаанд ё шаҳрҳои дигаррро низ дар бар мегирад, зеро дар рӯзи Ошӯро дар Мазори Шариф ва Қандаҳор низ дар инфиҷорҳо одамон кушта шуда буданд.
XS
SM
MD
LG