Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сафари аврупоии Эмомалӣ Раҳмон


Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари худ ба Аврупо. Моҳи июни соли 2011
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари худ ба Аврупо. Моҳи июни соли 2011

Имрӯз, 12 декабр, боздиди серӯзаи раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Олмон оғоз меёбад. Ӯ пас аз он ба Украина ва Русия хоҳад рафт.

Интизор меравад, дар ҷараёни сафараш Эмомалӣ Раҳмон бо Ангела Меркел, садри аъзам ва Кристиан Вулф, раисиҷумҳури Олмон, дидору гуфтугӯ кунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо тоҷирону соҳибкорони Олмон аз онҳо даъват хоҳад кард, дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Қарор аст, дар ҷараёни сафар чанд санади ҳамкорӣ низ имзо шавад.

Олмон аз соли 2002 то кунун дар ҳаҷми бештар аз 120 миллион евро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва аз ҷумла як истгоҳи муҳими нерӯгоҳи барқи обии Норак бо 25 миллион евро сармояи як бонки олмонӣ тармим мешавад.

Олмону Тоҷикистон моҳи декабри соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор карданд ва Олмон яке аз кишварҳои нахустини Аврупо буд, ки дар Тоҷикистон намояндагии дипломатӣ боз кард.

Ба гуфтаи Утоқи тиҷоратии Тоҷикистон дар Олмон, ин кишвар бештар аз ҳама кишварҳои Аврупо бо Тоҷикистон созишномаву қарордодҳои дуҷониба имзо кардааст. Олмон аз тариқи муассисаҳои давлативу ғайридавлатиаш ба Тоҷикистон кӯмак мекунад ва ба гуфтаи сафорати Олмон дар Тоҷикистон, ду кишвар умдатан дар бахши рушди соҳибкории хурду миёна, арсаи беҳдошт ҳамкории бештар доранд.

Аз ҷумла, Бонки нахустини сармоягузории хурд дар Тоҷикистон, бо бештар аз 3 миллион евро сармоягузории Бонки олмонии рушд таъсис шудааст. Дигар ин ки Тоҷикистон барои тармими як истгоҳи муҳими нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки баъди истифодаи 30-сола фарсуда шудааст, аз “KfW”, як муассисаи молии сармоягузории Олмон тақрибан 25 миллион евро қарз гирифтааст.

Дар арсаи тиб, бо кӯмаки давлати Олмон, бемористони марказии бемориҳои сил дар наздикии Душанбе ва баъзе аз шӯъбаҳои зоишгоҳҳову бемористонҳои ёрии таъҷилӣ дар Душанбе ва вилояти Хатлон тармим мешавад. То кунун дар Тоҷикистон се ширкати муштарак бо Олмон "Mach Huroson", "Mueller and Shell, Zimmens-Shivas Ltd" ва "Friendship." фаъолият мекунанд, ки асосан ба тавлиди маҳсулоти сохтмонӣ, истифодаи технологияҳои пешрафтаи аврупоӣ ва фурӯши фаровардаҳои кишоварзӣ машғуланд.

Баъд аз анҷоми боздид аз Олмон боздиди расмии серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон аз Украина оғоз мешавад. Сипас, рӯзҳои 19-20 декабр раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои муштаракулманофеъ, ЕврАзЭС ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба Маскав сафар мекунад. Дар нишасти Маскав натиҷаҳои 20 соли кори Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ баррасӣ мешавад.

Ин нахустин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав дар пайи қазияи ҳукми халабонҳои ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД”-и Русия аст, ки боиси таниши тунде дар равобити Душанбеву Маскав шуд. Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ду халабони ширкати русиро ба убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва нақзи меъёрҳои байнулмилалӣ ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум карда буд, дубора таҳти фишори Маскав онҳоро афв намуд.

Маскав ба дунболи ҳабси ду халабони ширкати "Ролкан" ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия оғоз намуд. Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар он шабу рӯз боздошт шуданд, вале пас аз раҳоии халабонҳо гуфта мешавад, ин фишор коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG