Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пагоҳ боздиди расмии серӯзаи Э. Раҳмон аз Олмон оғоз мешавад


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон
Пагоҳ боздиди серӯзаи расмии Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Олмон оғоз меёбад. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин боздид оқои Раҳмон бо Кристиан Вулф-раиси ҷумҳур ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон дидору гуфтугӯ кунад. Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони Бундестаг низ дар назар гирифта шудааст. Оқои Раҳмон бо соҳибкорон ва раҳбарони корхонаҳои бузурги Олмон мулоқот ва дар он суханронӣ мекунад. Дар поёни мулоқот имзои чанд санади муҳими ҳамкории ҷонибҳо пешбинӣ шудааст. Дар ин боздид раиси ҷумҳурро Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ҳамроҳӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG