Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ҳавопаймои бесарнишини Амрикоро барнамегардонад


Ҳангоми бозрасии ҳавопаймо
Ҳангоми бозрасии ҳавопаймо
Генарал Ҳусейн Саломӣ-фармондеҳи аршади сипоҳи посдорони инқилоби Эрон гуфт, кишвари вай омода нест ҳавопаймои бесарнишини амрикоиро, ки нируҳои Эрон дастгир кардаанд, ба Амрико баргардонад. Ин суханони вай имрӯз аз телевизиони Эрон пахш шуд. Генарал Ҳусейн Саломӣ гуфт, нақзи ҳарими ҳавоии Эрон тавассути ҳавопаймои бесарнишини Амрико “кори душаманона” аст. 8 декабр телевизиони Эрон саҳнаеро ба намоиш гузошт, ки дар он низомиёни Эрон ҳавопаймои бесарнишини RQ-170-ро бозрасӣ мекарданд. Ба гуфтаи онҳо, ин ҳавопаймо дар дохили хоки Эрон дар 225 километрии марзи Афғонистон боздошт шудааст. Амрикоиҳо эътироф карданд, ки як ҳавопаймои бесарнишини онҳо бедарак шудааст.
XS
SM
MD
LG