Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти Толибони Покистон зери суол рафт


Роҷеъ ба музокироти сулҳи Толибони Покистон бо ҳукумати ин кишвар суолҳо пеш омадааст. Қаблан гузориш шуда буд, ки Толибони Покистон бо намояндагони ҳукумати ин кишвар музокироти сулҳро оғоз кардаанд ва дар он Мавлавӣ Фақир Муҳаммад-муовини фармондеҳи Толибони Покистон дар Исломобод дар ин музокирот ширкат меҷӯяд. Хабаргузории Ройтерз аз қавли Фақирмуҳаммад гуфта буд, ки “музокирот дар самти дуруст пеш меравад”. Аммо дар поёни ҳамон рӯз шахсе бо номи Додуллоҳ ба баши покистонии радиои Озодӣ занг зад ва гуфт, ки Фақирмуҳаммад салоҳият надорад аз номи Толибони Покистон музокира кунад ва асли матлаб ин аст, ки Фақирмуҳаммад таслими худ ба мақомотро ба нақша гирифта будааст. Додуллоҳ гуфт, Толибон иддаои Фақирмуҳаммадро дар бораи ҳар гуна музокира бо ҳукумати Погкистон рад мекунад.
XS
SM
MD
LG