Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбониёни рӯзи Ошӯро дар Афғонистон 80 нафар будааст


Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, шумораи қурбониёни бамгузории аввали ҳафтаи ҷорӣ дар назди масҷиди шиаҳо дар Кобул бештар аз он аст, ки қаблан роҷеъ ба он гузориш дода буданд. Карзай имрӯз зимни суханони телевизиониаш гуфт, вай ҳоло дар бораи ин ҳамлаҳо маълумоти тозатаре дар даст дорад ва тибқи он дар рӯзи Ошуро 80 нафар кушта шудаанд. Дар гузоришҳои қаблӣ ин рақам 59 нафарро нишон медод. Вале рӯшан нест, ки ин 80 нафар фақат дар Кобул кушта шудаанд ё шаҳрҳои дигаррро низ дар бар мегирад, зеро дар рӯзи Ошӯро дар Мазори Шариф ва Қандаҳор низ дар инфиҷорҳо одамон кушта шуда буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG