Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Русия "норизоятӣ" дар ҷомеаро эътироф карданд


Баъд аз як рӯзи тазоҳуроти эътирозӣ, ки барои ширкат дар он рӯзи яшанбе дар саросари Русия даҳҳо ҳазор нафар ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд, мақомоти расмии Русия эътироф карданд, ки дар ҷомеаи ин кишвар аз натиҷаҳои интихоботи порламонӣ “норизоятӣ” вуҷуд дорад. Дмитрий Песков-сухунгӯи нахуствазир Владимир Путин гуфт, шаҳрвандони Русия ҳақ доранд нуқтаи назари худро “ба таври қонунӣ ва сулҳомез” баён кунанд. Ин изҳорот замоне садо дод, ки як рӯзи пеш бар зидди натиҷаҳои интихоботи порламонии 4 декабр дар саросари Русия тазоҳуроти густарда баргузор шуд. Дар ин интихобот ҳизби Путин пирӯзии ночиз ба даст овард. Тазоҳуркунандагон гуфтанд, ки дар натиҷаҳои интихобот тақаллуб ҷой дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG