Пайвандҳои дастрасӣ

Конфронси тағири иқлим ба тавофуқ ноил шуд


Дар конфронси байналмиллалии Африқои Ҷанубӣ роҷеъ ба роҳҳои мубориза бо тағири иқлим тавофуқ ба даст омад. Дар ин конфронс, ки намояндагон аз 194 кишвару созмон ширкат мекунанд, тавофуқ ба даст омад, ки дар бораи мувофиқатномаи нави контроли газҳои гулхонаӣ музокирот оғоз шавад. Иҷрои ин мувофиқатнома дастикам бояд то соли 2020 оғоз шавад. Санади кунунӣ, ки бо номи Протоколи Киото машҳур аст, танҳо ба кишварҳои санъатӣ тааллуқ дорад. Эътибори он соли оянда ба поён мерасад. Вале тибқи тавофуқоти рӯзи якшанбе ин санад барои панҷ соли дигар тамдид шудааст.
XS
SM
MD
LG