Пайвандҳои дастрасӣ

Пагоҳ боздиди Э.Раҳмон аз Олмон оғоз мешавад


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон 12 декабр аз Олмон боздид ва бо Ангела Меркел-нахуствазири ин кишвар дидору гуфтугӯ мекунад. Дар ин бора дафтари раёсати ҷумҳурӣ ба “Азия Плюс” хабар додааст. Дар интиҳои мулоқоти ҷонибҳо байни ду кишвар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасад. Баъд аз анҷоми боздид аз Олмон боздиди расмии серӯзаи оқои Раҳмон аз Украина оғоз мешавад. Сипас рӯзҳои 19-20 декабр раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар мулоқотҳои ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои муштаракулманофеъ, ЕврАзЭС ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба Маскав сафар мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG