Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти эътирозии зидди "Единая Россия" дар Русия


Майдони Болотная

Майдони Болотная

Ба гуфтаи пулис дар Маскав тақрибан 25 ҳазор нафар барои тазоҳуроти эътирозӣ дар майдони Болотная гирдиҳам омадаанд. Вале дигарон шумораи ширкаткунандагонро 40 ҳазор нафар тахмин мезаданд. Ширкаткунандагон бар зидди натиҷаҳои ҷаълшудаи инитихоботи порламонӣ, ки дар он пирӯзии ҳизби ҳокими “Единая Россия” ё “Русияи Воҳид”-и нахуствазир Владимир Путин эълон шудааст, эътироз карданд.

Нируҳои зиёди пулис бар ҷараёни ин тазоҳурот назорат бурданд. Ин тазоҳуротро раҳбарони мухолифони давлати Русия, аз ҷумла Борис Немтсов-муовини пешини нахуствазир созмон додаанд.
Дар шаҳрҳо ва шаҳракҳои мухталифи Русия низ тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд.

Тазоҳуркунандагон мегӯянд, мақомот дар натиҷаҳои интихоботи порламонӣ ба тақаллуб роҳ додаанд. Ин тазоҳурот аз Сибир оғоз шуд ва шаҳрҳои дигар, аз ҷумла Маскавро фаро гирифт. Дар Владивосток аз 500 то 1000 нафар ба хиёбонҳо баромаданд, дар шаҳри Хабаровск ҳудуди 100 нафарро пулис боздошт кард.

Дар шаҳри Маскав мақомот иҷоза дода буданд, ки то 30 000 нафар дар майдони Болотная тазоҳуроти эътирозии худро баргузор кунанд. Ҳамзамон мақомот рӯзи шанбе эълон карданд, ки даҳҳо ҳазор нируи худро дар шаҳрҳои мухталиф мустақар кардаанд, ки 50 000 нафари онҳо дар Маскав будааст.
XS
SM
MD
LG