Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти Петербургро пулис бо зӯр пароканда кард


Тазоҳуроти Санкт Петербург
Тазоҳуроти Санкт Петербург
Дар шаҳри санкт Петербург даҳҳо ҳазор нафар ба тазоҳуроти эътирозӣ баромадаанд. Онҳо бар зидди пирӯзии нодурусти ҳизби нахуствазир Владимир Путин дар интихоботи порламонӣ даст ба раҳпаймоӣ ва эътироз задаанд. Тақрибан 10 ҳазор нафар дар майдони Пионерская гирдиҳам омаданд. Дар ин шаҳр мақомот барои баргузории тазоҳуроти эътирозӣ иҷоза надодаанд. Хабаргузории DPA-и Олмон гузориш дод, ки пулис бо лату кӯби ширкаткунандагон тазоҳуротро пароканда ва даҳҳо нафарро боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG