Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев аз гирифтани унвони қаҳрамонӣ даст кашид


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев
Рӯзи шанбе Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон ба рӯзноманигорон гуфт, аз аз дарёфти унвони “Қаҳрамони миллӣ” даст мекашад, вале ба пешниҳоде дар бораи таҷлили “Рӯзи нахустин раиси ҷумҳури Қазоқистон” мухолиф нест. Дар охири моҳи ноябр ҳукумати Қазоқистон пешниҳодеро дар бораи додани унвони “Қаҳрамони миллии Қазоқистон” ба тасвиб расонд ва ин унвон бояд 16 декабр дар рӯзи таҷлил аз 20 солагии Қазоқистон ба вай дода шавад. Вале Нурсултон Назарбоев гуфтааст, ки аз имзо дар ин санад худдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG