Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ҷасади Бахтиёр Расуловро то ҳол ба Тоҷикистон наовардаанд"


Бахтиёр Расулов, муҳоҷири тоҷик, ки дар шаҳри Санкт-Петербург кушта шудааст...

Бахтиёр Расулов, муҳоҷири тоҷик, ки дар шаҳри Санкт-Петербург кушта шудааст...

Ҷасади Бахтиёр Расулов, як муҳоҷири тоҷик, ки дар Санкт-Петербург кушта шуд, то ҳанӯз дар ихтиёри мақомоти тафтишотист.

Бо гузашти тақрибан як моҳ аз куштори Бахтиёр Расулов, муҳоҷири кории тоҷик дар Санкт-Петербург, ҷасади ӯ то ҳол ба зогоҳаш ба деҳаи "Партизан"-и ноҳияи Шаҳритус интиқол дода нашудааст.

Назари Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург, гуфт, ҷасади Бахтиёр то ҳол дар ихтиёри ниҳодҳои тафтишотист ва ба ҳамин далел ба Тоҷикистон фиристода нашудааст. Оқои Мирзода мегӯяд, "муфаттишон аз рӯи хун, аз рӯи устухон бозрасиро бояд ба анҷом расонанд ва баъд ҷасадро медиҳанд. Мо барвақт хостем, то ҷасадро бигирем ва ба зодгоҳаш фиристем. Вале гуфтанд, ки бояд таҳқиқоти криминалӣ натиҷаҳоро маълум кунад."



Назари Мирзода

Назари Мирзода

Ба гуфтаи Назари Мирзода, расидагии парванда мароҳили аввали худро тай кардааст ва мақомоти тафтишотӣ то андозае ҳадсу гумонҳои худро дар бораи қотилон ва нишонаҳои куштор иброз медоранд. Вай гуфт, "Бахтиёр пештар бо занаш ва бародари вай каме “ҷангӣ” будаанд. Занги охирине, ки дар телефони ҳамроҳаш дорад, аз ҳамсараш аст. Занаш гуфтааст, ба назди фарзандонаш ояд. Бахтиёр рафтааст ва дигар барнагаштааст."

Ҳоло хонуми Бахтиёр -- Марина Расулова бо ду кӯдакаш Дамир ва Рустам дар шаҳраки Тайтси, дар наздикии Санкт Петербург ба сар мебаранд. Бародари Марина, ки гумонбари аслии ин қатл дониста мешавад, муваққатан аз зиндон раҳо шудааст, зеро дар бораи ҳабси вай ҳоло додгоҳ ҳукм содир накардааст. Вале вай наметавонад аз минтақаи зисти худ берун равад. Ба гуфтаи Назари Мирзода, шояд мақомоти додситонӣ муддате дар маҳал тамосҳои вайро зери назорат бигиранд ва барои худ маълумот ҷамъ биоваранд.

Гузашта аз ин, мақомоти тафтишотӣ хуни бародарони Бахтиёрро низ гирифтаанд, то ҷасади бесар ва порашударо комилан таҳқиқ ва шиносоӣ кунанд. Баъд аз ҷудо кардани сар аз ҷасад қотилон онро дар бордони мошин гузошта ва мошинро оташ задаанд. Назари Мирзода мегӯяд, чунин вазъ ҷараёни расидагиро мушкилтар кардааст: “Хуни Бахтиёр, хуни бародараш ва хуни фарзандонашро гирифтанд ва онро бо ҳам муқоиса мекунанд. Вале мушкил ин аст, ки сари ҷасад нест ва набудани сар мушкилӣ пеш овардааст. Муфаттишон мегӯянд, ки шояд ҷасади дигарро ин ҷо оварда оташ зада бошанд ва Бахтиёрро дар ҷои дигар кушта гӯронида бошанд.”

Сафиаллоҳ Девонаев

Сафиаллоҳ Девонаев

Чунин куштори ваҳшиёнаи Бахтиёр Расулов дар Санкт Петербург ва Зокир Қурбонқулов - ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо судури ҳукми зиндони халабонони ширкати “Ролкан инвестмент ЛТД”-и Русия Владимир Садовничий ва Алексей Руденко дар Тоҷикистон мусодиф омад. Ин аст, ки зери фишорҳои иҷтимоӣ ин бор ва бори аввал порлумони Тоҷикистон ба куштори муҳоҷирон ва гирудори онҳо дар қаламрави Русия вокуниши шадид нишон дод ва қавл дод, ки гурӯҳе аз намояндагони порлумонро ба Русия мефиристад.

Ба ин манзур Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порлумон ба Петербург рафт. Ҳукумати Тоҷикистон низ Сафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро ба Русия фиристод, шахсе, ки то баҳори соли ҷорӣ ба унвони намояндаи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар умури муҳоҷират дар Маскав фаъолият мекард.

Асрор Одинаев

Асрор Одинаев

6 декабр Сафиаллоҳ Девонаев як ҷо бо Асрор Одинаев-намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав аз Санкт Петенрбург боздид карданд. Асрор Одинаев дар бораи ин боздид ба мо чунин гуфт, “раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо сардори раёсати корҳои дохилаи шаҳри Петербург ва вилояти Ленинград генерал Суходолский Михаил Игоревич мулоқот доштанд ва масъалаи куштори Бахтиёр Расулов мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷаноби Девонаев хоҳиш намуданд, ки барои расидагӣ ба ин парванда кӯмак расонанд. Онҳо ваъда доданд, ки дар рӯзҳои наздик ташхиси онро пешниҳод мекунанд.”

Дар ҳоле, ки расидагӣ ба парвандаи Бахтиёр Расулов идома дорад, шиддати гирудори муҳоҷирон дар Русия коста шудааст. Сабаби он аз як сӯ раҳоии халабонони ширкати русӣ аз зиндоне дар Тоҷикистон бошад, аз сӯи дигар шояд вокунишҳои ҷиддитари мақомоти Тоҷикистон ба ин рӯйдодҳо зери фишори ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG