Пайвандҳои дастрасӣ

Сухангӯ: Карзай хостори даври севвуми раёсат нест


Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ба нақша нагирифтааст, ки ба таври махфӣ дар Қонуни Асосии ин кишвар тағирот ворид кунад ва барои даври севвуми интихоботи расёсати ҷумҳурӣ худро номзад пешбарӣ кунад. Дар ин бора сухангӯи Карзай ба матбуот хабар додааст. Ахиран дар матбуот аз қавли як санади ифшошудаи кашфи хориҷии Олмон навиштанд, ки Карзай мехоҳад ба ин кор даст занад. Аммо Аймал Файзӣ-сухангӯи вай таъкид кард, ки раиси ҷумҳур ба нақша нагирифтааст, ки Қонуни Асосиро тағир диҳад. Тибқи қонун як нафар ду давра метавонад раиси ҷумҳур бошад.
XS
SM
MD
LG