Пайвандҳои дастрасӣ

Қочоқчиён моли сокинони Шӯроободро бо худ бурдаанд


Гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон дар ноҳияи марзии Шӯрообод аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон рахна кардаанд ва гову моли сокинони маҳаллиро бо худ бурдаанд. Дар ин бора як сокини деҳаи Деҳқозии ноҳия ба “Азия-Плюс” хабар додааст. Ба гуфтаи сокини ин деҳ, ду рӯз пеш қочоқчиёни мусаллаҳ 10 гови онҳоро бо худ бардаанд. Сокинони маҳаллӣ натавонистаанд ба қочоқчиён муқовумат нишон диҳанд. Ниҳодҳои интизомии мустақар дар маҳал 3 сокини деҳаро барои бозпурсӣ ба Кӯлоб бурдаанд, вале то ҳол дар бораи бозгардонидани моли сокинон натиҷае нест.
XS
SM
MD
LG