Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳрҳои Русия тазоҳуроти эътирозӣ оғоз шудааст


Дар шаҳрҳо ва шаҳракҳои мухталифи Русия тазоҳуроти эътирозӣ оғоз шудааст. Тазоҳуркунандагон бар зидди натиҷаҳои интихоботи порламонӣ эътироз мекунанд ва мегӯянд, мақомот дар натиҷаҳои ин интихобот ба тақаллуб роҳ додаанд. Ин тазоҳурот аз Сибир оғоз шуд ва акнун шаҳрҳои дигар, аз ҷумла Маскавро низ фаро мегирад. Дар минтақаҳои мухталифи Русия соат фарқ дорад. Дар Владивосток аз 500 то 1000 нафар ба хиёбонҳо баромадаанд, дар ҳоле ки дар шаҳри Хабаровск ҳудуди 100 нафарро пулис боздошт кардааст. Дар шаҳри Маскав мақомот иҷоза додаанд, ки то 30 000 нафар дар майдони Болотная тазоҳуроти эътирозии худро баргузор кунанд. Ҳамзамон мақомот эълон кардаанд, ки даҳҳо ҳазор нируҳои худро дар шаҳрҳои мухталиф мустақар кардаанд, ки 50 000 нафари онҳо дар Маскав хоҳанд буд. Ба гуфтаи мақомот, онҳо дар сурати зарурат аз мошинҳои обпош истифода хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG