Пайвандҳои дастрасӣ

Сӣ кушта дар эътирозҳои Сурия. Туркия ҳушдор медиҳад


Тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар шаҳри Ҳимси Сурия

Тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар шаҳри Ҳимси Сурия

Фаъолони сиёсии Сурия мегӯянд, дар тазоҳуроти зидди давлатии рӯзи ҷумъа дастикам 30 нафар кушта шуданд.

Шӯрои умумии инқилоби Сурия эълом кардааст, дар миёни кушташудагон ду зан, як кӯдак ва се афсари ҷудошуда аз артиши Сурия дида мешавад ва 12 тан аз кушташудаҳо аз шаҳри Ҳимс ҳастанд. Шаҳри Ҳимс тайи ҳафтаҳои ахир шоҳиди эътирозҳои шадиди зидди давлатӣ будааст.

Фаъолони сиёсии Сурия мегӯянд, шаҳрҳои мухталифи Сурия рӯзи ҷумъа шоҳиди «тазоҳуроти пуршӯр»-и эътирозӣ буданд.

ҲУШДОРИ ТУРКИЯ

Дар ҳамин ҳол Туркия ҳушдор додааст, дар сурате, ки идомаи бӯҳрон дар Сурия амнияти минтақаро ба хатар биандозад, ин кишвар барои дифоъ аз худ вокуниш нишон хоҳад дод.

Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия

Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия

Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт: «Туркия намехоҳад дар масоили дохилии касе дахолат кунад, аммо агар амнияти минтақаи ба хатар биафтад, наметавонем дасти баста биистем."

Туркия ҳазорон овораи суриягиро, ки аз амалиёти низомии нерӯҳои давлатии кишварашон фирор кардаанд, дар хоки худ паноҳ додааст. Ду кишвар 900 километр марзи муштарак доранд. Мақомҳои суриягӣ мегӯянд, ки бо гурӯҳҳои мусаллаҳи террорист мубориза мекунанд. Аммо мухолифон ин иддаоро рад карда мегӯянд, ҳадаф аз он саркӯб кардани эътирозҳои мусолиматомез аст. Ҳудуди нуҳ моҳ мешавад, ки эътирозҳо дар Сурия идома дорад.

Вазири умури хориҷии Туркия дар идома гуфтааст: «Агар ҳукумате мардуми худро бикушад, боиси оворагии бисёре шавад, на танҳо амнияти худро ба хатар меандозад, балки амнияти Туркияро низ ба хатар меафканад. Аз ҳамин рӯ мо масъулем ва ин қудратро дорем, ки ба инҳо бигӯем: бас аст.»

Аз тарафи дигар намояндаи Дабири кулли СММ дар умури инсонӣ аз Димишқ хост иҷозаи вуруди гурӯҳҳои кӯмакрасон ба Сурияро бидиҳад, то битавонанд вазъияти зиндагии мардумро арзёбӣ кунанд.

Ин намояндаи СММ ба хабарнигорон гуфт: «Бори дигар аз давлати Сурия мехоҳем, ки иҷозаи вуруди моро ба хоки худ бидиҳад.»

Урдугоҳҳои паноҳандагони суриягӣ дар марз бо Туркия

Урдугоҳҳои паноҳандагони суриягӣ дар марз бо Туркия

СММ дар охирин гузориши худ шумораи кушташудагон дар хоки Сурия аз оғози эътирозҳоро беш аз 4 ҳазор нафар эълом кард.

Намояндаи Дабири кулли СММ дар умури инсонӣ гуфт: «Мо аз паёмадҳои он чӣ дар Сурия рӯй медиҳад нигаронем. Ахбори дақиқе аз он чӣ дар ин кишвар рӯй медиҳад надорем, зеро наметавонем ворид шавем, то бидонем, дақиқан чӣ дар ҳоли рӯй додан аст.»

Аз ҷониби дигар Иттиҳодияи Араб бо ироаи тарҳе хостори он аст, ки нозирони ин иттиҳодия дар Сурия мустақар шаванд. То кунун давлати Сурия ба ин тарҳ посухи мусбат надода ва шартҳое барои пазируфтани он матраҳ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG