Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ин номааш хонандаи торнамои мо Амина ба лаҳзаи ҳалкунандае диққат додааст, ки "фарҳанги пораву фасод"-ро дар кишвар ниҳодина макунанд.

Дар маршрутка рафта истодаӣ. Саҳарӣ ба кор дер мемонӣ. Дар роҳ нозирон мисли балои осмон пайдо мешаванд ва албатта маршруткаро нигоҳ медоранд. Ронанда меравад пеши нозир. Фикре аз сарат мегузарад: "Ҳаққаша тезтар те, дер мондам, ака." Тамоми ҳамсафарон дар ҳaмин фикранд. Хайрият, ронанда пулро доду омад. Кошки дар роҳ дигар Гаи набошад. Вагарна хуб дер мемонам...

Ин ҳодисаи муқаррариест, ки ҳар рӯз ба он рӯ ба рӯ мешавем. Миёни ҳамсафарони мо, албатта, мактаббачаҳо ва кӯдакон ҳам ҳастанд. Онҳо ҳам медонанд, ки милиса аз ронанда ба ҳар роҳ пул меситонанд. Дахшат он аст, ки ин наврасон тасаввур ҳам надоранд, ки порагирӣ ҷиноят аст.Мо бошад, ин ҷиноятро кайхо пушти сар кардаем...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG