Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми боздошти бемӯҳлати Тимошенко содир шуд


Дафтари Юлия Тимошенкои зиндонӣ имрӯз таъйид кард, ки нахуствазири собиқ ба мӯҳлати номуайян дар боздошт боқӣ хоҳад монд. Додгоҳи Киев амр дод, ки Тимошенко, ки аллакай ба мӯҳлати ҳафт соли зиндон барои баромадан аз салоҳиятҳои корӣ маҳкум шудааст, рӯзи панҷшанбе аз рӯи иттиҳоми нави марбут ба замони раҳбариаш дар ширкати энержӣ, ки 15 сол раҳбарӣ кардааст, муттаҳам мешавад. Тасмими мазкур бо ҳадафи аз даст додани ҳама шонси баромадани Тимошенко ба озодӣ гирифта шудааст. Рӯзи душанбе қарор аст, ки додгоҳи таҷдиди назар мавқеашро дар замина ҳукми ҳафтсолаи зиндони ӯ рӯшан кунад.
XS
SM
MD
LG