Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳлигарон ба ин боваранд, ки ҷомеаи Тоҷикистон то кунун арзиши муштарак ва андешаи воҳиди миллӣ пайдо накардааст.

Ин раванд дар ҳоли шаклгирист, аммо ҳанӯз ташкил нашудааст. Аз ин ҷост, ки эҳсоси меҳанӣ ва ягонагӣ ҳанӯз заиф аст. Андешамандони тоҷик далоили мухталиферо дар ин замина бармешуморанд, ки монеъ аз шакл гирифтани андешаи воҳиди миллӣ шудаанд.

ПОЙБАНДИИ БЕШТАР БА АРЗИШҲОИ МАҲАЛЛӢ

Ойниҳол Бобоназарова, аз шахсиятҳои саршиноси сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки бештар пойбанди андеша ва арзишҳои маҳаллӣ боқӣ мондани тоҷикон дар ҳамаи сатҳҳо, ҳатто дар сатҳи давлатӣ боиси кундии раванди миллатсозӣ ва ба вуҷуд омадани андешаи воҳиди миллӣ Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова

шудааст. Ӯ мегӯяд, тоҷикон ҳанӯз элитаи шаклгирифтаи миллӣ надоранд, яъне ҷамъи одамони саршиносе, ки арзиши муштарак дошта бошанд, аз он арзишҳо ҳифозат кунанд ва намунае барои ҷомеа ва қишри поёнӣ бошанд, то дар сохтани андешаи воҳид намуна ва ҳаста қарор бигиранд.

Ба эътиқоди хонум Бобоназарова, раванди миллатсозӣ феълан рӯ ба рушд нест, балки дар пасманзари худкома шудани низоми ҳоким ҳарчӣ бештар рӯ ба заъф овардааст.

Сайфулло Муллоҷонов, устоди Донишгоҳи миллӣ масъалаи мазкурро дар бистари васеътаре қобили арзёбӣ медонанд. Ӯ мегӯяд, заъфи андешаи миллӣ аз ҷудо шудани тоҷикон аз пойтахтҳои суннатияшон ва аз се тараф миёни марзҳои оҳанӣ қарор гирифтани онҳо дар асри 20 бармегардад. Аммо дар бист соли охир, ки ҳокимияти сиёсӣ ва истиқлоли давлатӣ ба тоҷикон баргашт, чаро то ҳол арзиши воҳид шакл нагирифтааст?


Оқои Муллоҷонов мегӯяд, ки иллати аслии он шикасти неруҳои миллӣ ва истиқлолхоҳӣ дар аввали истиқлоли Тоҷикистон буд. Ӯ мегӯяд: «Элитаи миллие, ки дар пеш-пеши ҳаракатҳои миллӣ ва озодихоҳӣ қарор гирифт, дар кашмакашиҳои қудрати сиёсӣ шикаст хӯрд. Ва қувваи муқобили онҳо, ки бо шиорҳои русиягароӣ сари кор омад, соҳиби идеяи миллӣ шуд, аммо ҳамовозӣ пайдо накард.»

Дар соли 1997 Сулҳи умумӣ ба умедвории кулли тоҷикон табдил шуд ва мардум аз он интизори зиёде дошт. Аммо ин сулҳ натавонист адолати иҷтимоиро таъмин кунад ва билохира дубора пояҳои қудрати як гурӯҳи хос тақвият шуд. Аз ин ҷост, ки ҳатто он сулҳ чун андешаи умумӣ ранги худро бохт.

НАБУДИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ

Дар соли 2005 Тоҳири Абдуҷаббор, пешниҳоди миллӣ кардани Роғунро дод, ки меҳвари андеша қарор гирифт. Аммо аз якуним соли пеш то кунун ин андеша низ аз забонҳо монд. Сабаби он ҳам бархӯрди номуносиб ба масъала ва иҷбори мардум ба харидории саҳмияҳои ин нерӯгоҳ буд. Давлат натавонист дар фурсати ваъдакардаи худ кореро дар Роғун анҷом диҳад ва аз сӯи дигар адами боварӣ ба шаффофияти масрафи маблағҳои ҷамъоварда андешаи Роғунро низ беқадр кард.

Амнияти Абдуназар, сиёсатмадори тоҷик

Амнияти Абдуназар, сиёсатмадори тоҷик

Аминияти Абдулназар, сиёсатмадори тоҷик мегӯяд, ки иллати аслии вуҷуд надоштани фикри воҳиди миллӣ дар Тоҷикистон, таъмин набудани адолати иҷтимоӣ аст. Ин ноадолатӣ дар тақсимоти нодурустӣ неъматҳои моддӣ, дар дасти як гурӯҳ қарор доштани имконоти идории давлат ва сарватҳои табиӣ зоҳир мешавад. Ва чун қишрҳои дигар худро маҳрум эҳсос мекунанд ва худро дар идораи давлат саҳим намебинанд, ба шиорҳо арҷе намегузоранд ва мардикорӣ дар Русияро аз ҳар арзише болотар медонанд.

Ӯ мегӯяд: «То замоне, ки раҳбарон, мансабдорон дар қалбашон аз маҳалли худашон берун нараванд, мардуми тоҷик меҳанпараст намешавад. Агар низом одил ва меҳанпараст бошад, мардум худаш меҳанпараст мешавад.»

Ҳоло андешаи собит ва воҳиде дар ҷомеаи Тоҷикистон вуҷуд надорад. Талоше ҳам барои сохтани ин андеша мушоҳида намешавад. Ба ин далел аст, ки рафтан ба Русия барои мардикорӣ акнун андешаи ҷамъи бузурге аз мардум шудааст. Вале ин ҳам ҳаст, ки мардум ҳанӯз умедро комилан аз даст надодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG