Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хорватия созишномаи узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро имзо кард


Кишвари Хорватия созишномаи узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро имзо кард ва мутобиқи он, хонаводаи аврупоӣ соли 2013 омода мешавад, ки ин кишварро ба оғушаш бигирад. Созишномаи мазкур дар канори нишасти имрӯзаи Бруссел аз ҷониби раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва нахуствазиру президенти Хорватия имзо шуд. Таъхири ҳафтсолаи Хорватия дар узвияти хонаводаи аврупоӣ бо баррасии қазияҳои марбут ба ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҳам вуҷуди ҷанҷолҳои марзиаш бо Словения вобаста будааст. Расман таърихи шурӯи ҳамоиши ин кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо 1 июли соли 2013 ҳисоб мешавад.
XS
SM
MD
LG