Пайвандҳои дастрасӣ

Пахши навори видеоии гаравгони амрикоӣ дар Эрон


Аҳли хонаводаи ҷосуси собиқи Бюрои федеролии таҳқиқот Роберт Левинсон, ки марти соли 2007 дар Эрон нопадид шуд, барои нахустин бор навори видеоиеро бо тасвири ин мард ва муроҷиаташ ба гаравгонҳоро пахш кард. Ин навор, ки ноябри соли 2010 аз ҷониби афроди номаълум ба имейли хонаводаи гаравгон ирсол шудааст, Левинсон аз ҳукумати ИМА хоҳиш мекунад, ки талаби гаравгонгирҳоро иҷро кунанд. Левинсон, ки ба Эрон барои кор ба унвони як муфаттиши мустақил рафта буд, асроромез нопадид шуд. Дар ин навори видеоӣ ӯ мегӯяд, ки муносибати гаравгонгирҳо бо ӯ хуб буда, аз ҳукуматаш мехоҳад, ки вайро базудӣ ба хона баргардонад. Акси зиёд ва навори видеоие, ки дар давоми як соли охир ба хонаводаи Левинсон ирсол шудааст, тафсилоти нопадидшавии асроромези ӯро бозгӯ мекунад. Бо бадтар шудани равобити Амрикову Эрон музокираҳо барои раҳосозии Левинсон печида шудаанд.
XS
SM
MD
LG