Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Русия ба мухолифион иҷозаи баргузории намоиши эътирозиро додааст


Мақомоти Русия ба мухолифон иҷоза доданд, ки намоиши эътирозии сартосариро дар заминаи адами эътирофи натиҷаҳои интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе доир кунанд. Рашид Нургалиев, вазири умури дохилаи Русия имрӯз дар мулоқоте бо мақомоти полис дар Маскав таҳдид кард, ки ҳама гирдиҳамоиҳои ғайримуҷоз пахш хоҳад шуд:

- Баргузории қариб ҳама гирдиҳамоиҳо аз рӯи тартиби муқарраршуда машварат шудааст. Вале, тавре шумо медонед, ҳақи қонунии баёни фикри як бахши шаҳрвандон набояд ҳуқуқи дигар шаҳрвандонро маҳдуд кунад. Аз ин хотир, ҳама талошҳо барои ташкили маъракаҳои ғайримуҷоз, поймолкунии тартиби ҷамъиятӣ бояд аз ҷониби кормандони сохторҳои умури дохила ҷилавгирӣ шаванд. Муттаҳамон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Мақомоти Маскав гуфтанд, ки ба мухолифон барои ташкили гирдиҳамоӣ бо ширкати 30 ҳазор нафар иҷоза додаанд. То имрӯз даҳҳо ҳазор сокини Русия аз тақаллуб ва қонуншиканӣ дар ҷараёни интихоботи парлумонии Русия эътироз кардаанд.
XS
SM
MD
LG