Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барвақт аст гуфт, шахси кушташуда шаҳрванди Тоҷикистон аст"


Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳоло бармаҳал аст бигӯем, шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Расулов дар Санкт-Петербург кушта шудааст.

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумони Тоҷикистон, ки ҷиҳати таҳқиқи қазияи мазкур дар шаҳри Санкт-Петербург ба сар мебарад, гуфтааст, ҳодисаи марги ҷасади сӯхта ва сарбуридае, ки дар маҳали куштор пайдо шудааст, пас аз ташхсиси ДНК, муқаррар карда мешавад.

Ва ин ташхис рӯзи шанбеи 10-уми декабр анҷом хоҳад ёфт. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ватанов, ин ҷасади сӯхта ва сарбурида аз мошине дарёфт шудааст, ки соҳибаш Расулов аст ва ӯ ба мусофиркашонӣ дар инҷо машғул будааст.

Маҳмадалӣ Ватанов рӯзи 6-уми декабр ба Санкт-Петербург сафар кард, то бо ҷараёни таҳқиқи қатли Бахтиёр Расулов ошно бишавад. Сафари оқои Ватанов ба дунболи нигаронии раиси Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуров аз қатли ин муҳоҷири тоҷик дар Русия анҷом мегирад.

Дар охири моҳи ноябр Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи Бахтиёр Расулов дар Русияро шадидан маҳкум карда буд. Ба таъкиди Шукурҷон Зуҳуров, ин ҳодисаи аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия мавриди таъқиб қарор мегиранд. Ба ин хотир, раиси Маҷлиси намояндагон ибрози умедворӣ кард, ки ниҳодҳои зирабти Русия ҷиҳати пешгирии чунин амалҳои нангин иқдом хоҳанд кард.

Сухангӯи Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, Маҳмадалӣ Ватанов дар ин сафари худ аз номи тамоми намояндагони парлумон баромад карда ва пас аз бозгашташ дар назди вакилон ҳисобот хоҳад дод.

Дар ҷараёни ин сафари худ вакили порлумон Маҳмадалӣ Ватанов бо мақомоти Санкт-Петербург ва муҳоҷирони тоҷик ҳам дидору гуфтугӯ анҷом медиҳад.

Сафари вакили порлумон ба Русия ва он ҳам барои ошноӣ бо ҷараёни таҳқиқи қатли як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин ниҳод барои бетафовутияш нисбат ба сарнавишти муҳоҷирон борҳо танқид шудааст.

Ин суханони оқои Ватанов дар ҳолест, ки ба гуфтаи наздикони Бахтиёр Расулов, вай ки дар шаҳри Санкт - Петербург таксӣ меронд, аз сӯи афроди номаълум дар яке аз ҷангалҳои атрофи шаҳр ба таври ваҳшиёна кушта шудааст. Қотилон Бахтиёр Расуловро чанд корд зада, сипас, сари ӯро аз тан ҷудо мекунанд ва сарашро ба қафои мошин андохта, мошинаашро оташ мезананд.

Ин ҳодиса вокунишҳои мухталифро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба дунбол дошт. Ҳатто вазорати умури хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар ин кишварро эҳзор ва нигаронии амиқи худро аз қатли Бахтиёр Расулов баён кард. Ин вазорат қатли шаҳрванди Тоҷикистонро паёмади ҳангома ва ҳаёҳӯе донистааст, ки расонаҳои Русия ва баъзе аз афроди саршиноси ин кишвар алайҳи муҳоҷирони тоҷик роҳандозӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG