Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия шояд нишасти НАТОро соли оянда таҳрим кунад


Русия гуфт, ки дар сурати ҳалношуда мондани ихтилофҳои Маскаву НАТО дар масъалаи истиқрори сипари зиддимушакӣ дар хоки Аврупо, эҳтимол дорад нишасти ин паймони низомиро дар моҳи маи соли оянда таҳрим кунад. Муовини вазири хориҷа Сергей Рибаков гуфт, ки тасмими ниҳоӣ дар заминаи ҳузури Русия дар нишасти Чикаго баъди интихоботи президентии 4 марти посли оянда гирифта мешавад, ки номзади аслии ширкатдори он нахуствазир Владимир Путин мебошад. Тавзеҳи Рибаков рӯзе баъд аз нишасти Бруссел садо дод, ки дар он Русияву НАТО натавонистанд ихтилофҳои мавҷударо дар мавзӯи сипар ҳаллу фасл кунанд.
XS
SM
MD
LG