Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуфт, ҳама гузинаҳо дар робита бо Эрон мавриди баррасӣ аст


Президент Барак Обама мегӯяд, ки ИМА ҳама гузинаҳоро дар робита бо Эрон баррасӣ дорад ва дар ҳамкорӣ бо шарикони Амрико, аз ҷумла Исроил, талош хоҳад кард, ки Ҷумҳурии Исломиро аз соҳиб шудан ба силоҳи ҳастаӣ боздорад. Зимни суханронии ахираш дар Вашинтон Обама нагуфт, ки чӣ гузинаҳоеро Кохи Сафед дар робита бо Эрон баррасӣ мекунад. Вале ӯ гуфт:

- Агар Эрон дунболи эҷоди силоҳи ҳастаӣ бошад, пас ман хеле мушаххас мегӯям, ки ин чиз зидди манфиатҳои миллӣ, манфиатҳои миллии амниятии мо ва ҳама шарикони мо, аз ҷумла Исроил буда, мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гирифтани пеши роҳи ин амал кор хоҳем кард.

Обама иттиҳомоти рақибони сиёсии худро аз ҳизби ҷумҳурихоҳ рад кард, ки гӯё маъмурияти Кохи Сафед дар амри ҷилавгии Эрон аз тавсеаи барномаи ҳастаиаш кундтар ҳаракат кардааст.
XS
SM
MD
LG