Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори мақоми ҳизби "Нур-Отан" дар Қазоқистон "иштибоҳӣ" аст


Раиси намояндагии Вазорати умури дохилаи Қазоқистон дар минтақаи шарқи ин кишвар мегӯяд, ки раҳбари минтақаии ҳизби ҳокими «Нур-Отан» Валерий Проскуряков дар натиҷаи иштибоҳе кушта шудааст. Рашид Жакупов мегӯяд, ки Проскуряков рӯзи 13 октябр аз ҷониби як марди силоҳбадаст, ки аз пушти ӯ давида ҳангоми ба мошин нишастаи сиёсатмадор тирро ба сараш холӣ кардааст, кушта шуд. Куштори яке аз мақомҳои ҳизби президент Назарбоев сару садоро дар заминаи сиёсӣ будани ангезаҳои он бедор кад. Ба иттилои намояндаи вазорати дохилаи Қазоқистон, аз рӯи ин қазия панҷ нафар, аз ҷумла худи қотил бозпурсӣ шуда маълум гардид, ки ҳадафи аслии онҳо на Проскуряков, балки нафари дигар будааст, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG