Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Ратко Младич баҳори оянда шурӯъ хоҳад шуд


Ратко Младич
Ратко Младич
Мурофиаи додгоҳии фармондеҳи пешини артиши сербҳои Боснӣ Ратко Младич дар Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг охири моҳи марти соли 2012 шурӯъ мешавад.

Дар ин бора ахиран яке аз додрасҳои Додгоҳ Алфонс Орие хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, табибон ба натиҷае расиданд, ки вазъи сиҳати Младичи 68-сола ба ӯ барои ширкат дар мурофиаи додгоҳӣ иҷоза медиҳвд.

Ратко Младич 26 майи соли равон дар Сербия боздошт шуд. Ӯ 16 сол мавриди пайгард қарор дошт. Фармондеҳи пешини сербҳои Боснӣ дар наслкӯшӣ ва ҷиноёти низомӣ, аз ҷумла, қатли ҳафт ҳазор мусалмонҳои Боснӣ дар шаҳри Сребренитса дар соли 1995, муттаҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG