Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, иттиҳоми сиёсатмадорони Ҳизби ҷумҳурихоҳро дар бораи он ки ӯ гӯё аз сиёсати cозишу мусолиҳа бо душманон кор гирифтааст, рад кард.

Дар нишасти хабарӣ дар Вошинтон Обама гуфт, "аз Усома бин Лодин ва 22 тан аз 30 раҳбари “Ал-Қоида", ки мо онҳоро нобуд сохтаем, пурсед, ки оё ман сиёсати созиш бо душманонро пеш мебарам. Ё аз онҳое пурсед, ки ҳанӯз боқӣ мондаанд. Кӯшиш кунед, ки ба онҳо ин суолро бидиҳед".

Барак Обама ҳамчунин изҳор намуд, ки кишвараш ягон навъи бархӯрд бо Эронро аз эътибор соқит намекунад. Ӯ ин изҳороташро тавзеҳ накард ва аммо гуфт, ки Амрико ҳамроҳ бо ҳампаймонҳояш ба шумули Исроил барои ҷилавгирӣ аз соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудани Теҳрон талош хоҳад намуд.

Моҳи гузашта Оҷонси байнулмилалии нерӯҳи ҳастаӣ дар гузориши худ баъзе далелҳоеро овард, ки ба характери низомӣ доштани барномаи ҳастаии Эрон ишора мекунанд. Теҳрон иттиҳоми талошаш барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG