Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду нафар дар тирандозӣ дар донишгоҳи Вирҷиния


Бар асари тирандозӣ дар донишгоҳи техникии Вирҷиния, воқеъ дар шарқи Амрико, ду нафар, аз ҷумла, як корманди полис ба ҳалокат расиданд.

Фарди ношинос дар истгоҳи мошинҳои донишгоҳ тирандозӣ кард. Ҷустуҷӯи ҳамлагар идома дорад. Маъмурияти донишгоҳ аз донишҷӯён хостааст, ки биноро тарк накунанд.

Моҳи апрели соли 2007 дар ҳамин донишгоҳ як ҷавони ақлбохта сӯи донишҷӯён оташ кушода 32 нафарро кушт ва 25 каси дигарро маҷрӯҳ кард. Баъди ба ҷои ҳодиса расидани кормандони полис қотил даст ба худкӯшӣ зад. Он ҳодиса хунбортарин дар таърихи донишгоҳҳои Амрико маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG