Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макони баргузории гирдиҳамоӣ мушаххас шуд


Гирдиҳамоӣ зери шиори «Барои интихоботи одилона» рӯзи 10 декабр дар Маскав дар майдони Болотная баргузор мешавад.

Сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат Борис Немтсов ва Владимир Рижков ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин бора ахиран бо шаҳрдории Маскав созиш ҳосил шуд.

Теъдоди ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ – 30 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Ин иттилоъро муовини мири Маскав Александр Горбенко низ тайид кард.

Қарор буд, ки намоиши эътирозӣ алайҳи тақаллубу қонуншиканиҳо дар интихобот ба Думаи давлатӣ дар майдони Инқилоб баргузор шавад ва аммо шаҳрдорӣ ба хулосае расид, ки шояд ин майдон ҳама хоҳишмандонро ғунҷонида натавонад.

Даҳҳо ҳазор нафар корбарони интернет аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Вконтакте изҳор намуданд, ки дар гирдиҳамоии рӯзи 10 декабр ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG