Пайвандҳои дастрасӣ

Эрониҳо ҳавопаймои суқуткардаро нишон доданд


Телевизионии давлатии Эрон навори видеоии ҳавопаймои бесарнишини амрикоиеро намоиш дод, ки чанд рӯз қабл дар хоки кишвар суқут дода шуда буд. Аз наворҳо бармеояд, ки он яке аз ҷадидтарин навъҳои ҳавопаймои бесарнишин RQ-170 аст ва ҳангоми суқут ба он осеби ҷиддӣ нарасидааст.

Вазорати умури хориҷии Эрон ба сафири Швейсария дар Теҳрон бино ба вуруди ҳавопаймои ҷосусӣ ба ҳарими ҳавоии кишвар эътирози қатъӣ кард.

Сафорати Швейсария аз манфиатҳои Амрико дар Эрон намонядагӣ мекунад – Вошингтону Теҳрон робитаҳои дипломатӣ надоранд.
XS
SM
MD
LG