Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Брюссел "нишасти наҷоти евро" идома хоҳад кард


Имрӯз дар Брюссел нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, ки хабарнигорон онро “саммит барои наҷоти евро” ном гузоштанд, идома хоҳад кард.

Дар меҳвари нишаст мавзӯъи андешидани чораҳои фаврӣ барои аз бӯҳрони қарз берун кашидани “минтақаи евро” қарор дорад.

Шоми дирӯз аҳли нишаст дар мавриди муқаррар намудани лимити нави касри буҷаи кишварҳои минтақаи евро ба созиш расиданд.

Олмон ва Фаронса барои бознигарии созишҳои бунёдии Иттиҳодияи Аврупо ва ба онҳо ворид намудани тағйирот оид ба масъулият барои сиёсати молиявӣ пойфишорӣ доранд. Қарор аст, ки дигар чораҳои марбут ба ҳамоиши минбаъдаи иқтисодӣ, аз ҷумла, низоми ягонаи молиёт ҳам баҳсу баррасӣ шавад.

Ва аммо ин пешниҳодҳоро иддае аз сиёсатмадорон, аз ҷумла, нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон қабул надорад. Ҳамчунин рӯшан нест, ки бознигарии созишҳои бунёдӣ фақат ба 17 кишвари минтақаи евро дахл хоҳад дошт ё ба ҳама кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо.
XS
SM
MD
LG