Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз 20-умин солгарди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравист, ки соли 1922 таъсис ёфта, қариб 70 сол вуҷуд дошт.

Нимирӯзии 8-уми декабри соли 1991 раҳбарони Русия, Украина ва Беларус (Борис Елтсин, Леонид Кравчук ва Станислав Шушкевич дар ҷангали Беловеж бо ҳам мулоқот ва қатъи мавҷудияти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистиро эълон карданд. Онҳо инчунин аз таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ хабар доданд. Воқеа чӣ гуна ба амал омад? Нақли Леонид Кравчукро дар ин бора ин ҷо бубинед, ки мегӯяд, Горбачёв аз мулоқот хабар надошт ва худи онҳо низ намедонистанд, ки чӣ хоҳанд кард:


Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба барканории ҳизби коммунист аз раҳбарият, озодиҳои иқтисодӣ, истиқлолияти ҷамоҳир ва қаламравҳо ва ҷангу хушунатҳои байниқавмӣ сабаб гардид. Дар соли 2005, Владимир Путин, ки он вақт раисиҷумҳури Русия буд, фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро “бузургтарин фалокати геополитикӣ”-и садаи бистум номид.

Тарҳи вижаи Радиои Озодиро дар бораи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва пайомадҳои он дар гузорише бинед, ки зери ҳамин ҷумла пинҳон аст.

Агар андешае дар ин бора доред, лутфан бинависед ва агар мехоҳед, ин тарҳро дар торнамо ё торнигори худ бигузоред, ба мо паём диҳед. Ин як тарҳе хурдест, ки тамоми тафсилоти шикасти як давлати паҳноварро намоиш медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG