Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: Мушовирони русро касе танқид накардааст


Фармондеҳии неруҳои марзбонии Тоҷикистон даъвои бархе аз пойгоҳҳои хабариро, ки гӯё раҳбари ин ниҳод аз фаъолияти ҳайати мушовирони русӣ шикоят кардааст, рад намуд. Расонаҳои русӣ навиштанд, фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон мушвоиронро дар иҷро накардани масъулияташон ва ҷамъоварии ахбори маҳрамона муттаҳам кардааст. Зиёда аз 300 мушовири рус ба нерӯҳои марзбони Тоҷикистон кӯмак мекунанд. Бархе аз коршиносон зарурати ҳузури онҳо дар Тоҷикистонро рад мекунанд, аммо мақомоти Русия ба инанд, ки марзбонони рус ба хатти аввали марзи Тоҷикистону Афғонистон баргардонида шаванд.
XS
SM
MD
LG