Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: "Пирро дарди пирӣ, Маскавро дарди сарҳад мекушад"


Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон ва ислоҳи қонун дар бораи "консессия" аз мавзӯъҳои муҳими нашрияҳои чопи Душанбе ба шумор меоянд.

"ИМРӮЗ НЮС"

Сафари Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Амрико ба Тоҷикистонро "шаттае ба даҳони Кремл" арзёбӣ карда ва навиштааст, "бале, ин шатта рост ба даҳони пуровозаи Кремлнишинон буд". Ба навиштаи нашрия "агарчӣ сафари Блейк ба таври ғайримунтазира ҷараён гирифт, аммо ҳушдор ба Маскав буд, ки аз иттиҳомот алайҳи Вашингтон даст кашанд." Зеро ба таъкиди нашрия ҷаноби Блейк иддаои расонаҳои русӣ дар мавриди талоши Амрико барои таъсиси пойгоҳи низомӣ дар Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистонро дақиқан рад кард.

"СССР"

Мушкилоти марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистонро ба чолиш кашида ва дар матлаби "Тоҷикистону Узбакистон дар арафаи ҷанг?" навиштааст, "воқеият ин аст, ки вазъ дар бархе аз маҳаллаҳои ҳаммарз бо Узбакистон бад аст. Имрӯз дар вилояти Суғд танбалтарин нафар ҳам медонад, ки ҷониби Узбакистон дар мавзеи наздисарҳадии "ГЭС-и Фарҳод" мақомоти қудратиашро гирд овардан дораду дар сар ҳавои кашида гирифтани Обанбори Фарҳод, замини муқаддаси Тоҷикистонро!" Аммо ба навиштаи нашрия "мо бошем аз дифои замину иншооти дар ихтиёрдоштаи худ канор монда ба пардози ришу сухан ва шиорҳои болохонадор андармонем."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00
Линки мустақим


"ОЗОДАГОН"

Ислоҳот ба қонун дар бораи "консессия" тавассути маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистонро бо таваҷҷӯҳ ба боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия барои 49 соли дигар тавҷеҳи мантиқӣ донистааст. Зеро ба навиштаи нашрия "мӯҳлати иҷора ҳам хеле ҷолиб аст, яъне 49 сол ва дар ҳолатҳои зарурӣ ин мӯҳлат метавонад, тамдид шавад, аммо на бештар аз 99 сол." "Шояд нимкосае зери коса ҳамин бошад. Вагарна исрор варзидани бархе бар нуктаи дар ҳолати истисноӣ ба иҷора додани ҳаворо чӣ гуна мешавад, аз нигоҳи мантиқ тавҷеҳ кард?",-омадааст дар ин матлаби "Озодагон".

"МИЛЛАТ"

Дар матлаби "Рисолате, ки президент бояд анҷом диҳад..." аз таҳаввулоти навбатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки ба навиштаи нашрия солҳо боз сари он баҳсҳо идома дорад, қисса мешавад. Муаллифи матлаб навиштааст, "он ки нерӯҳои сиёсии мухолифи ҳукумат тавони пешкор шудан ба як таҳаввулотро надоранд, як ҳақиқат аст. Дар ин сурат суоли воқеӣ пеш меояд, ки агар Тоҷикистон ба як таҳаввулот ниёз дорад, онро бояд кӣ анҷом бидиҳад ва чӣ гуна?" Муаллиф бо такя ба коршиносон менависад, ки "посухи ин суол рисолати сеюми Эмомалӣ Раҳмонро рӯи кор меорад." Ба гуфтаи коршиносон президенти феълӣ масъул аст, ки раҳбарии як таҳаввулоти дигари самимиро бар ӯҳда бигирад. Зеро ба навиштаи муаллиф "унсурҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистон то андозае заифанд, ки чунин рисолатро бардошт карда наметавонанд. Ҳамчунин, дар ҳолати икс (X) хаоси саросарӣ аз эҳтимол дур нест."

"НИГОҲ"

Натоиҷи интихоботи порлумонии Русияро ба баррасӣ гирифта, дар робита ба тазоҳуроти ахир дар қиболи ин интихобот навиштааст, "ҳоло муҳим нест, ки эътирозҳои Маскав то куҷо мекашанд. Путин меравад ё боз президент мешавад, ин ҳам муҳим нест. Як чиз рӯшан шуд, ки акнун Русия дигар ӯро намехоҳад." Ба навиштаи нашрия "Русия ҳам дигаргунӣ мехоҳад, демократия мехоҳад, озодӣ мехоҳад, баргардонии наҷобат ба халқи бузурги русро мехоҳад."

"ФАРАЖ"

Ҷорӣ кардани аксиз ва ё андоз барои хадамоти Интернетро рекорди нави ҷаҳонии Тоҷикистон барои ворид шудан ба китоби рекордҳои Гиннес номид. Дар матлаби "Аксиз ба Интернет" омадааст, ки "Тоҷикистон нахустин кишваре шуд, ки ба хизматрасониҳои Интернет берун аз талаботи Кодекси андоз аксиз ворид намуд ва Интернетро ба рӯйхати алкогол, тамоку ва дигар молҳои зараррасон ворид кард. Нашрия суол мегузорад ва ҳамзамон посух медиҳад, ки "ин магар дастовард нест? Бовар кунед, ин бузургтарин дастовард аст."
XS
SM
MD
LG