Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Хонуми Клинтон ба норозиёни рус "сигнал" дод


Сарвазири Русия, Владимир Путин, Иёлоти Муттаҳидаро ба ташвиқи эътирозҳои марбут ба интихобот дар Русия айбдор кард. Дар нахустин паёмаш дар мавриди тазоҳуроти ҳаррӯзаи пасоинтихоботӣ бо иттиҳоми тақаллуб дар раъйшуморӣ, Путин гуфт, вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон ба мухолифони Русия “сигнал додааст.”

"Ба аввалин вокуниши шарикони амрикоиямон нигаристам. Нахустин коре, ки котиби давлатӣ кард, интихоботро тафсир кард ва онро ноҳақу ноодилона номид. Ин дар ҳоле ки ҳанӯз маводи нозирони дафтари Созмони Амният ва ҳамкории Аврупоро нагирифта буд. Вай лаҳни баъзе аз фаъолони мо дар дохили кишварро муайян кард ва паём дод. Онҳо ин паёмро гирифтанд ва бо кумаки Департаменти давлатии Амрико фаъолона ба кор сар карданд.”

Путин, ки ба эҳтимоли яқин дар интихоботи президентии моҳи март баранда хоҳад шуд, гуфт, бархе аз эътирозгарон ҳадафҳои худхоҳонапи сиёсиро дунбол мекунанд. Вай афзуд, русҳо намехоҳанд, ҳарҷу марҷеро, ки Украина ва Қирғизистон ба сар бурданд, бубинанд. Дар интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе, бо вуҷуди коҳиши ҷиддии тарафдоронаш ҳизби Русияи воҳиди Путин пирӯз гашт. Садҳо нафар дар тазоҳуроти зидди тақаллуб дар раъйдиҳӣ се шаби гузашта дар Маскав ва Санкт-Петербург боздошт шудаанд. Мақомоти Иёлоти Муттаҳид, аз ҷумла Клинтон аз иттиҳомоти тақаллуб дар интихобот изҳори нигаронӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG