Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин гуфт, Клинтон ба норозиёни рус "сигнал" дод


Владимир Путин, нахуствазири Русия

Владимир Путин, нахуствазири Русия

Владимир Путин, нахуствазири Русия дар ҳаводиси ахири Маскав мақомоти Амрикоро муттаҳам намуд.

Дар нахустин паёмаш дар мавриди тазоҳуроти ҳаррӯзаи пасоинтихоботӣ бо иттиҳоми тақаллуб дар раъйшуморӣ, Путин гуфт, вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон ба мухолифони Русия “сигнал додааст.”

"Ба аввалин вокуниши шарикони амрикоиямон нигаристам. Нахустин коре, ки котиби давлатӣ кард, интихоботро тафсир кард ва онро ноҳақу ноодилона номид. Ин дар ҳоле ки ҳанӯз маводи нозирони дафтари Созмони Амният ва ҳамкории Аврупоро нагирифта буд. Вай лаҳни баъзе аз фаъолони мо дар дохили кишварро муайян кард ва паём дод. Онҳо ин паёмро гирифтанд ва бо кӯмаки Департаменти давлатии Амрико фаъолона ба кор сар карданд”,-таъкид кард нахуствазири Русия.

Путин, ки ба эҳтимоли яқин дар интихоботи президентии моҳи март баранда хоҳад шуд, гуфт, бархе аз эътирозгарон ҳадафҳои худхоҳонапи сиёсиро дунбол мекунанд. Вай афзуд, русҳо намехоҳанд, ҳарҷу марҷеро, ки Украина ва Қирғизистон ба сар бурданд, бубинанд.

Ахиран вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон хостори ислоҳоти демократӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар дар кишварҳои Шӯравии пешин шуд.


Зимни суханронӣ дар нишасти дурӯзаи вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Вилнюс, ӯ аз қонуншиканҳо дар интихоботи Думаи давлатии Русия, ки дар он ҳизби ҳокими “Русия воҳид” бештари курсиҳоро соҳиб шудааст, интиқод кард ва изҳор намуд, ки Маскав бояд ба тавсияҳои нозирони САҲА гӯш диҳад.

Дар ҳамин ҳол, афроди норозӣ аз натоиҷи интихобот ба Думаи давлатии Русия дар шабакаҳои иҷтимоии интернет мавзӯи баргузории намоиши густурдаи эътирозӣ дар сартосари Русияро баррасӣ мекунанд. Аз ҷумла, ҳудуди 19 ҳазор корбари шабакаи Фейсбук барои ширкат дар намоиши эътирозии рӯзи 10 декабр дар Маскав изҳори омодагӣ кардаанд.

Иёлоти Муттаҳида ва раҳбари пешини Шӯравӣ Михаил Горбачёв миёни онҳоеянд, ки мақомоти Русияро ба эътирофи тақаллуб дар интихоботи порлумонии Русия даъват кардаанд.

Кумиссюни Ҳелсинкии Иёлоти Муттаҳида аз бадрафторӣ бо садҳо мӯътаризи боздоштшудаи пасоинтихоботӣ шадидан изҳори нигаронӣ карда, Горбачёв хостори баргузории интихоботи нав шудааст. Кумиссюни Ҳелсинки гуфтааст, Русия бояд ба ӯҳдадориҳои хеш дар мурооти демократия, волоияти қонун ва ҳуқуқи башар арҷ гузорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG