Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8-уми декабр -- солгарди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ


Имрӯз 20-умин солгарди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравист, ки дар соли 1922 таъсис ёфта, қариб 70 сол вуҷуд дошт. 8-уми декабри соли 1991 раҳбарони Русия, Украина ва Беларус (Борис Елтсин, Леонид Кравчук ва Станислав Шушкевич дар ҷангали Беловеж бо ҳам мулоқот ва қатъи мавҷудияти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистиро эълон карданд. Онҳо инчунин аз таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Муштаркулманофеъ хабар доданд, ки дертар бархе аз аъзои иттиҳод узвияти онро пазируфтанд. Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба барканории ҳизби коммунист аз раҳбарият, озодиҳои иқтисодӣ, истиқлолияти ҷамоҳир ва қаламравҳо ва ҷангу хушунатҳои байниқавмӣ сабаб гардид. Дар соли 2005, Владимир Путин, ки он вақт раисиҷумҳури Русия буд, фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро “бузургтарин фалокати геополитикӣ”-и садаи бистум номид.
XS
SM
MD
LG